Мулоқоти раиси ҲНИТ бо коршиносони исломии олмонӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, донишмандони исломии олмониро, ки ба хотири табодули таҷрибаи таълими исломӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Олмон бо доираҳои исломии Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ итилоъ доданд, Петер Граф, профессори донишгоҳи Оснабрюк аз таҷрибаи 10-солаи гурӯҳи кории донишмандони олмонӣ дар мавриди таҳия ва […]

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, донишмандони исломии олмониро, ки ба хотири табодули таҷрибаи таълими исломӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Олмон бо доираҳои исломии Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ итилоъ доданд, Петер Граф, профессори донишгоҳи Оснабрюк аз таҷрибаи 10-солаи гурӯҳи кории донишмандони олмонӣ дар мавриди таҳия ва амалӣ сохтани консепсия ва методологияи таълими исломӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Олмон сӯҳбат карда гуфт, ки дар аввал дар роҳандозии таълими исломӣ барои фарзандони мусалмони олмонӣ каме мушкилот ҷой дошт, вале вақте ки дар аввали асри XXI аз сӯйи давлат ақалияти мусалмонҳо ҳамчун қишри собити ин кишвар расман шинохта шуд, мушкилот аз байн рафт.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2001-2003 заҳмати гурӯҳи корӣ мавриди амал қарор гирифта, ҳатто дар донишгоҳҳо таълими фанни наве зери номи «Педагогикаи дини Ислом» дар радифи фанҳои дигар роҳандозӣ гардид.

Раиси ҲНИТ таъкид кард, ки «мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, аз таҷрибаи шумо ҷомеъаи мусалмони кишвари мо ҳам баҳравар гардад ва Академияи исломии ҳизб тавонад дар ин самт бо шумо ҳамкорӣ намояд».

Сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Ҳертрапф низ ҳайати донишмандони олмониро ҳамроҳӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.