Ҷустуҷӯи пешвоёни ғайрирасмии Помир тавассути Интерпол

Чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Ёдгоршо Мамадасламов ва ҳатто марҳум Имомназар Имомназаров ба пойгоҳи афроди мавриди пайгард қарордоштаи Интерпол шомил буда, аксҳои онҳо дар сомонаи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ гузошта шудааст. Дар сомонаи мазкур зикр мегардад, ки онҳо барои содир намудани ҷиноёти зарар ба саломативу ҳаёт, муомилоти ғайриқонунии […]

Меҳрагез Турсунзода


Чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Ёдгоршо Мамадасламов ва ҳатто марҳум Имомназар Имомназаров ба пойгоҳи афроди мавриди пайгард қарордоштаи Интерпол шомил буда, аксҳои онҳо дар сомонаи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ гузошта шудааст.

Дар сомонаи мазкур зикр мегардад, ки онҳо барои содир намудани ҷиноёти зарар ба саломативу ҳаёт, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истисмори шаҳвонӣ, дуздӣ ва дигар ҷиноёти вазнин мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта, аммо аз кадом сана эълон шудани ҷустуҷӯи онҳо баён нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, айни замон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков ва Ёдгоршо Мамадасламов таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист дар шаҳри Хоруғ қарор дошта, ҷое нарафтаанд.

Гузашта аз ин, яке аз пешвоёни мавриди пайгарди қонунӣ эълоншуда – Имомназар Имомназаров рӯзи 22-юми август бар асари таркиш дар манзили зисташ ба ҳалокат расид.

Ҳамин тариқ, суоле ба миён меояд, ки агар ин шахсон қаламрави ҷумҳуриро тарк накарда буданду муддати тамоми ин вақт дар кишвар қарор доштанд, пас чаро онҳо таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуданд? Ғайр аз ин, агар онҳо соли гузашта то рӯйдодҳои ахир дар Хоруғ мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буданд, пас чаро Толиб Айёмбеков, ки то моҳи июл дар яке аз мансабҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон фаъолият мекард, низ ба ин рӯйхат шомил аст?

Ба ҳамаи ин суолҳо ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ посух биҷӯяд, вале алҳол ба ин муваффақ нагардид.

Ёдрас мекунем, ки чор нафар пешвоёни дар боло зикршудаи Бадахшонро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба қочоқи маводи мухаддиру сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба гаравгон гирифтан ва саркашӣ аз баргардонидани бонкҳои қарзӣ муттаҳам карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.