Прокуратура: Ба гумони оташзании бозори «Корвон» алҳол касе боздошт нашудааст

Ба гумони даст доштан дар оташзании бозори «Корвон» мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ то ҳанӯз касеро боздошт накардаанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод. Хотиррасон шуд, ки аввали моҳи октябр аз рӯйи далели оташзании бозори «Корвон» аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мутобиқи моддаҳои 192, қ. 3 (Вайрон кардани қоидаҳои […]

Аваз Юлдошев


Ба гумони даст доштан дар оташзании бозори «Корвон» мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ то ҳанӯз касеро боздошт накардаанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.

Хотиррасон шуд, ки аввали моҳи октябр аз рӯйи далели оташзании бозори «Корвон» аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мутобиқи моддаҳои 192, қ. 3 (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322, қ. 2 (Хунукназарӣ) ва 309, қ. 1 (Тахрибкорӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

Ба гуфтаи сарчашма, айни замон тафтишоти пешакӣ оид ба ин парванда идома дошта, ҷиҳати ошкор сохтани афроди дастдошта дар сар задани сӯхтор тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар дода буданд, ки тибқи натиҷаҳои ташхис, сӯхтор дар бозор бо истифода аз солярка ба амал омадааст. «Ташхис имкони сар задани сӯхтор аз расиши кӯтоҳи ноқилҳо ё аз таркиши баллони газро ғайриимкон арзёбӣ мекунад», – тахкид карда буданд дар сарраёсати мазкур.

Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, он майдони беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари сӯхтор 1 нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташ 2 ҳазору 550 фурӯшгоҳҳоро нобуд сохта, ба соҳибкорон зарари ниҳоят зиёди моддӣ расонид.

Рӯзи дигари пас аз сӯхтор ҳазорон тоҷирони бозор ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Онҳо пайдо намудани гунаҳкорони сӯхторро талаб намуда, бар ин назар буданд, ки бозор қасдан оташ зада шудааст. Издиҳомро раиси пойтахт ором намуда, ваъда дод, ки бозор дар як моҳ барқарор гардида, муҳлати қарзҳои тоҷирон дар бонкҳо дароз карда мешавад.

Қаблан соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор карда буд, ки барои кӯмаку мусоидат ба муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва афроди дар ин амал дастдошта 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардаст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.