Эҳтимоли коҳиши сатҳи таварруми пешбинишуда дар буҷети соли оянда


Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, коҳиши сатҳи таварруми пешбинишуда дар буҷети соли оянда аз 9 то ба 8% аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумита оид ба молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Исмоил Талбаков изҳори назар кард.

Ба қавли ӯ, дар муқоиса бо солҳои гузашта дар буҷети соли оянда мувофиқи Кодекси нави андози моҳи сентябр қабулшуда бояд 10-12 бандҳо муттаҳид карда шаванд.

«Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки буҷети соли ояндаи кишвар бештар хислати иҷтимоӣ дорад, зеро аз ҳаҷми умумии 12,1 млрд. сомонӣ ҳудуди 6,4 млрд. сомонӣ ба соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад», – гуфт вакили парлумон.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки  то субҳи имрӯз лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатии соли 2013, ки рӯзи 31-уми сентябр дар ҷаласаи ҳукумат маъқул шуморида шуд, ба палатаи поёнии парлумон ворид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, ки дар ҷаласаи зикршудаи ҳукумат ба як қатор камбудиҳо дар лоиҳаи қонун ишора шуда, барои бартараф кардани онҳо вақти муайяне зарур будааст. Дар ҳукумат итминон доданд, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» шоми имрӯз ё субҳи рӯзи дигар ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное