Эҳтимоли коҳиши сатҳи таварруми пешбинишуда дар буҷети соли оянда

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, коҳиши сатҳи таварруми пешбинишуда дар буҷети соли оянда аз 9 то ба 8% аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумита оид ба молия ва иқтисоди […]

Аваз Юлдошев


Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, коҳиши сатҳи таварруми пешбинишуда дар буҷети соли оянда аз 9 то ба 8% аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумита оид ба молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Исмоил Талбаков изҳори назар кард.

Ба қавли ӯ, дар муқоиса бо солҳои гузашта дар буҷети соли оянда мувофиқи Кодекси нави андози моҳи сентябр қабулшуда бояд 10-12 бандҳо муттаҳид карда шаванд.

«Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки буҷети соли ояндаи кишвар бештар хислати иҷтимоӣ дорад, зеро аз ҳаҷми умумии 12,1 млрд. сомонӣ ҳудуди 6,4 млрд. сомонӣ ба соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад», – гуфт вакили парлумон.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки  то субҳи имрӯз лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатии соли 2013, ки рӯзи 31-уми сентябр дар ҷаласаи ҳукумат маъқул шуморида шуд, ба палатаи поёнии парлумон ворид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, ки дар ҷаласаи зикршудаи ҳукумат ба як қатор камбудиҳо дар лоиҳаи қонун ишора шуда, барои бартараф кардани онҳо вақти муайяне зарур будааст. Дар ҳукумат итминон доданд, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» шоми имрӯз ё субҳи рӯзи дигар ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.