Хатлон: Оғози баррасии парвандаи 5 нафар марзбонон

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба панҷ нафар хизматчиёни қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оғоз кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судӣ судя Исмоилбек Мирмахсумов хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар ҷаласаи аввал айбдоркунандаи давлатӣ иштирокиёни мурофиаро бо қисмати айбдоркунии парвандаи ҷиноӣ шинос намуда, як қисмате аз […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба панҷ нафар хизматчиёни қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оғоз кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судӣ судя Исмоилбек Мирмахсумов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар ҷаласаи аввал айбдоркунандаи давлатӣ иштирокиёни мурофиаро бо қисмати айбдоркунии парвандаи ҷиноӣ шинос намуда, як қисмате аз шоҳидон бозпурсӣ карда шуданд.

Ҳимоятгарони судшаванлагон алҳол аз шарҳи масъала худдорӣ варзида, қисмати айбдоркунинро пас аз изҳори назари ҷонибҳо тавзеҳ доданианд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Сафаралӣ Мардонов хабар дод, гурӯҳи тафтишотӣ нисбати панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ айбнома пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла тафтишот капитан Мирзомиддин Яъқубов, сардори посгоҳи №1 «Вахш»-и қисми низомии 2610, нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ-ро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 335, қ. 1 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии ҶТ), 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир), 289, қ. 3 (Қочоқ), 195, қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳаи оташфишон), 388, қ. 2 (Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ), 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) ва 393, қ. 3 (Дуздии аслиҳаи оташфишон) айбдор мекунад.

Майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиёти қисми низомӣ мувофиқи моддаи 323 (Сохтакории хизматӣ), 347, қ. 2 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) муттаҳам дониста мешавад. Чунин айбнома ба афсари қисми низомии 2610 лейтенанти калон Алишер Сӯфиев низ пешниҳод шудааст.

Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори посгоҳи марзии № 3-и қисми низомии мазкур ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа, хабар надодан дар бораи ҷиноят ва суистеъмол аз вазифаи хидматӣ айбдор карда мешавад.

Сарбози қаторӣ Ҷонибеки Нуралӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) муттаҳам дониста мешавад.

Ба қавли муфаттиш, 17-уми майи соли равон капитан Мирзомуддин Яъқубов бо 20 кило маводи мухаддири ҳашиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ шарикони ҷиноят низ муайян карда шуданд», – гуфт ӯ.

Ҷаласа навбатӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии мазкур имрӯз идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.