Даъвати АНМН баҳри кӯмак ба мубориза зидди мухаддирот

Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ аз аҳли ҷомеа даъват ба амал меоварад, ки дар таҳияи лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022» саҳм гузоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, санади мазкур аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо ҳамоҳангсозии Агентӣ таҳия […]

Наргис Ҳамробоева


Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ аз аҳли ҷомеа даъват ба амал меоварад, ки дар таҳияи лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022» саҳм гузоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, санади мазкур аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо ҳамоҳангсозии Агентӣ таҳия гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, қабули Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022 (минбаъд Стратегия) вобаста ба таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама ба фаъол гардидани амалҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд маводи нашъаовар) алоқаманд мебошад. «Болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии онҳо, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти одам (минбаъд ВНМО) аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъаовар, ба амният, иқтисодиёт ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба назардошти тамоми гуфтаҳои дар боло зикршуда, 20-уми апрели соли равон сарвари давлат дар паёми худ ба парлумон ба Агентӣ супориш дод, ки «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022»-ро таҳия намояд.

Дар АНМН таъкид намуданд, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегия мазкур барои ироаи тағйиру илова ва пешниҳодот аз аҳолӣ миннатдор хоҳанд буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.