Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус

Чанде қабл вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук доир гардид. Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни фаъолият табодули назар сурат гирифта, ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. «Баррасии масъалаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук доир гардид.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни фаъолият табодули назар сурат гирифта, ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Баррасии масъалаи ташкили роҳандозии истеҳсоли қисматии тракторҳои «Белорус» дар шаҳри Кӯлоб ва ворид намудани тағйироти зарурӣ ба созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи усулҳои андозбандии ғайримустақим дар содироту воридоти маҳсулот (кор)» дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт», – гуфт манбаъ.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки Тоҷикистон ба густаришу тақвияти ҳамкориҳои минбаъда бо Белорус манфиатдор аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус беш аз 56 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 52 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Белоррус ба Тоҷикистон рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.