Оғози сафари президенти Шӯрои Кантонҳои Швейтсария ба Тоҷикистон

Президенти Шӯрои Кантонҳо (палатаи болоии парлумон)-и Швейтсария Ханс Алтер бори нахуст бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, нимаи аввали имрӯз дидору гуфтушуниди Ханс Алтер бо ҳамтои тоҷики худ – раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад. Нимаи дуюми […]

Аваз Юлдошев


Президенти Шӯрои Кантонҳо (палатаи болоии парлумон)-и Швейтсария Ханс Алтер бори нахуст бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, нимаи аввали имрӯз дидору гуфтушуниди Ханс Алтер бо ҳамтои тоҷики худ – раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад.

Нимаи дуюми рӯз Ханс Алтерро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳанд пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, пагоҳ вохӯрии раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар назар буда, Ханс Алтер ҳамчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон боздид мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 3-юми ноябр Ханс Алтер ҳамроҳи вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар маросими ифтитоҳи Маркази омӯзиши малакаҳои амалии тиббӣ дар Душанбе ширкат варзида, бо фаъолияти Маркази исломии Тоҷикистон шинос мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.