Ташрифи намояндагони ширкатҳои муваффақи Австрия ба Душанбе

Нимаи моҳи ноябр намояндагони ҳудуди 20 ширкатҳои муваффақи Австрия, ки ба истеҳсолу содироти таҷҳизоту технология ва хизматгузориҳои гуногун машғуланд, ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сафар, ки рӯзҳои 15-16-уми ноябри соли равон доир мегардад, ҳайати намояндагони ширкатҳои австриягӣ таҳти сарварии мудири департаменти […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимаи моҳи ноябр намояндагони ҳудуди 20 ширкатҳои муваффақи Австрия, ки ба истеҳсолу содироти таҷҳизоту технология ва хизматгузориҳои гуногун машғуланд, ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сафар, ки рӯзҳои 15-16-уми ноябри соли равон доир мегардад, ҳайати намояндагони ширкатҳои австриягӣ таҳти сарварии мудири департаменти савдои хориҷӣ бо кишварҳои узви ИДМ-и Палатаи федералии иқтисоди Австрия ҷаноби Хайнтсем Валтер бо намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом хоҳанд дод.

Ба иттилои манбаъ, сафари ҳайати намояндагони ширкатҳои Австрия ба хотири баррасии имконоти ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Австрия сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Австрия каме бештар аз 2,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,9% камтар аст. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба ҳудуди 5 млн. доллари ИМА баробар шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.