Бо мусоидати сафорат модаркалон набераҳоро ба парасторӣ гирифт

Ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар хонаи кӯдакони шаҳри Фрязинои вилояти Маскав қарор доштанд, бо мусоидату ёрии сафорати Тоҷикистон дар Русия, ба ихтиёри модаркалонашон супорида шуданд. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, чанде пеш баъди фавти шаҳрванди Тоҷикистон Фозилова Зарина Давроновна, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, да фарзанди ӯ – Хадича Фозиловаи 4-сола […]

ASIA-Plus


Ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар хонаи кӯдакони шаҳри Фрязинои вилояти Маскав қарор доштанд, бо мусоидату ёрии сафорати Тоҷикистон дар Русия, ба ихтиёри модаркалонашон супорида шуданд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, чанде пеш баъди фавти шаҳрванди Тоҷикистон Фозилова Зарина Давроновна, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, да фарзанди ӯ – Хадича Фозиловаи 4-сола ва Зоира Фозиловаи 2-сола бепарастор монданд.

Ба иттилои манбаъ, кӯдакон ба хонаи бачаҳои ш. Фрязино супорида шуда, мақомоти дахлдори маҳаллӣ муроҷиату хоҳиши модаркалони онҳо – Абдуллоева Мафтуна дар иртибот ба ихтиёри ӯ вогузор кардани тарбияву парвариши онҳоро бо сабабҳои гуногун кашол медоданд.

Зикр гардид, ки баъди пайгирии мавзӯъ ва иқдомҳои лозима аз сӯйи кормандони бахши консулгарии сафорат, ахиран Хадичаву Нодира ба ихтиёри Абдуллоева Мафтуна супорида шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.