Нахустин садамаи нақлиёти марговар дар нақби «Шаҳристон»


Дар нақби «Шаҳристон», ки минтақаҳои шимолу ҷануби ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, аввалин садамаи нақлиёти марговар рух дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 3-юми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдуҳофиз Абдураҳимов зимни ҳаракат дар нақби «Шаҳристон» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи таҳти идораи ӯ ба автомашинаи тамғаи «Стар»-и ширкати сохтмонии Чин бармехӯрад.

«Бар асари ин бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи «Опел» ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил мегарданд ва баъди чанде мусофир ба ҳалокат расидааст», – гуфта мешавад дар иттилои ВКД.

Ёдрас мекунем, ки санаи 27уми октябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими мавриди истифода додани нақби «Шаҳристон» доир гардид. Нақб дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ аст. Масофаи нақб беш аз 5 километррро ташкил медиҳад.

Нақб яке аз қисматҳои лоҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «China Road»-и Чин мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное