Қабули қонуни ташхиси зиддифасод дар асноди меъёриву ҳуқуқӣ


Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро маъқул донист.

Зимни шарҳи қонуни мазкур роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар лоиҳаи қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби баргузор намудани ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёриву ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ, президент ва парламент қабулгардида пешбинӣ шудааст.

«Лоиҳаи қонуни мазкур пеш аз ҳама барои дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷой надоштани воситаҳо барои роҳандозии фаъолияти коррупсионӣ пешниҳод гардида, барои баргузории ташхис кормандони Агентии зиддифасод, Вазорати адлия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносони вазорату идораҳо ҷалб карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Бо изҳори шубҳа ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки «ҳамасола дар кишвар даҳҳо ҳазор асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул мешаванд ва барои ташхиси онҳо ҳатто як артиши комили ҳуқуқшиносону коршиносон низ кофӣ нест».

Дар ин робита раиси палатаи поёнии парулмони кишвар Шукурҷон Зуҳров иброз дошт, ки на ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқӣ ба ташхиси зиддикоррупсионӣ ниёз доранд.

spot_imgspot_img

Популярное