Идомаи кӯмаки ИМА ба мақомоти зиддимухаддироти Тоҷикистон

Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба воҳидҳои махсуси зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсиониро ба маблағи умумии беш аз ду млн. доллари ИМА тақдим намуд. Тавре за сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими мазкур хотимаи бомуваффақияти марҳилаи якуми лоиҳаи ташаккули шабакаи байниидоравии коммуникатсионӣ […]

ASIA-Plus


Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба воҳидҳои махсуси зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсиониро ба маблағи умумии беш аз ду млн. доллари ИМА тақдим намуд.

Тавре за сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими мазкур хотимаи бомуваффақияти марҳилаи якуми лоиҳаи ташаккули шабакаи байниидоравии коммуникатсионӣ қайд карда шуд. Ин шабака воҳидҳои махсуси мазкурро бо малакаҳои тамосгирӣ бо ҳамдигар ҳангоми амалиётҳои зидди маводи мухаддир ва терроризм, инчунин дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунад.

Сафир Эллиотт иброз дошт: «Ман бо камоли мамнуният нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро ҷиҳати такмили қобилиятҳои коммуникатсионии онҳо дастгирӣ мекунам. Шабакаи мазкур аҳамияти бузурги худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалҳои ҷавобии байниидоравӣ ба ҳодисаҳои воқеъии сатҳи ҷумҳуриявӣ исбот намуд.»

Сафир Эллиотт инчунин ба марҳилаи дуюми лоиҳаи ташаккулдиҳии шабакаи коммуниктсионии фарогирандаи минтақаҳои дигар ифтитоҳи расмӣ бахшид.

Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъмин намудаст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои  барномаҳои кӯмакдиҳандаи ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, амният ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як млрд. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.