Тақдири минбаъдаи ҳавопаймоҳои Rolkan Investmens Ltd

Ду ҳавопаймои АН-72-и ширкати Rolkan Investmens Ltd, ки расо як сол қабл бо ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба фоидаи давлат мусодира шуда буданд, барои нигоҳдории муваққатӣ ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа супурда шуданд. Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати Rolkan Investmens Ltd – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей […]

Сайраҳмон Назриев


Ду ҳавопаймои АН-72-и ширкати Rolkan Investmens Ltd, ки расо як сол қабл бо ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба фоидаи давлат мусодира шуда буданд, барои нигоҳдории муваққатӣ ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа супурда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати Rolkan Investmens Ltd – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро дар қочоқи қисмҳои эҳтиётӣ, нақзи қавонини ҳамлу нақли байнулмилалии ҳавоӣ ва убури ғайриқонунии марз айбдор дониста, ҳар кадомеро ба муддати 10,5 соли зиндон маҳкум кард, вале дар асоси истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо мӯҳлати ҷазоро ду сол кам карда, мутаносибан он ба 8,5 сол баробар шуд. Ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики ҳавопаймо ба фоидаи давлат мусодира шуданд.

Халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investmens Ltd, ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст, шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко баҳори соли гузашта дарҳол пас аз фурудоии маҷбурӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Қӯрғонтеппа аз Афғонистон боздошт шуда буданд. Ҷониби айбдоркунанда исрор мекунад, ки ҳавопаймоҳо қаламрави Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда ба қочоқи таҷҳизоти ҳавопаймоӣ даст доранд. Ба ақидаи мақомоти тафтишот, халабонон ният доштанд, ки ба таври махфӣ муҳаррики ҳавопаймо ба маблағи 225 ҳазор доллари ИМА-ро ба Русия ворид созанд.

Ба қавли халабонон, онҳо тибқи шартнома бо ҳукумати Афғонистон, дар ҳавопаймоҳои нави Ан-72 ба ҳамлу нақли маҳсулот ва кӯмаки башардӯстона дар ин кишвар машғул будаанд. Дар таърихи 12-уми март халабонон аз Кобул бармегаштанд ва барои пур кардани ҳавопаймо бо сӯзишворӣ ният доштанд, ки ба майдони ҳавоии Қӯрғонтеппа фуруд оянд. Ба гуфтаи халабонон, дар бораи фурудоии транзитӣ ва таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ онҳо бо намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон мувофиқа ҳосил карда будаанд.

Ҳангоми парвоз онҳоро огаҳ сохтаанд, ки Душанбе иҷозати дахлдор барои фуруд омаданро намедиҳад ва онҳо бояд ба Кобул баргарданд.

Ба гуфтаи Садовничий, ба Кобул баргаштан хеле душвор буд, зеро дар фурудгоҳи Кобул реҷаи низомӣ амал мекунад ва он ҷо наметавонистанд базудӣ ҳавопаймоҳои русиягиро қабул намоянд. Ҳамчунин барои интизор шудан ба қабул дар фурудгоҳи Кобул маводи сӯзишворӣ низ кифоя набуд.

«Парвандаи халабонон», ки журналистон онро ба ин истилоҳ унвон доданд, дар доираҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷомеаи Русияву Тоҷикистон сарусадои зиёде ба бор овард.

Дар таърихи 22-юми ноябр суди вилояти Хатлон бо тартиби кассатсионӣ ҳукмро бознигарӣ намуда, онро то мӯҳлати 2 солу 6 моҳ кам кард ва бо истифода аз қонуни афв ва ба инобат гирифтани муддати дар зиндон будани халабонон, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард. Қарори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бобати мусодираи ҳавопаймоҳо бетағйир боқӣ гузошта шуда буд.

Намояндаи ширкати Rolkan Investmens Ltd Валерий Пфефер қаблан изҳор карда буд, ки паси панҷара қарор гирифтани халабонон ба ду ҳавопаймои нодир рабт дорад. «Ин ҳавопаймоҳо ба касе хеле маъқул шудаанд. Ин ҳавопаймои нодир буда, ба Арктика ва Қутби Шимол парвоз анҷом додаанд. Дар Тоҷикистон онҳо метавонанд ба ҳама гуна замини кишти пахта фуруд оянду парвоз кунанд. Ба ин монанд ҳавопаймоҳоро ҳатто амрикоиҳо надоранд. Халабонон бошанд, ба сифати гаравгонону таҳдид истифода мешаванд», – изҳор кард Пфефер.

Мақомоти раҳбарии ширкати Rolkan Investmens Ltd ҳамчунин баргардонидани ҳавопаймоҳоро тақозо карда буд. Дар шикояти мақомоти раҳбарии ширкат ба суди вилояти Хатлон зикр гардида буд, ки «ҳарду ҳавопаймо моликияти ширкати Rolkan Investments LTD буда, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ бидуни мавҷуд набудани айбе оид ба нақзи қонун мусодира шуда наметавонанд».

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа» Мирзомиддин Саломов хабар дод, ҳавопаймоҳо дар асоси мактуби Кумитаи амволи давлатӣ аз 13 сентябри соли 2012 ба нигоҳдории фурудгоҳ дода шудаанд. Ба қавли номбурда, то ин дам ҳавопаймоҳо таҳти назорати Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон қарор доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.