Қабули қонуни ташхиси зиддифасод дар асноди меъёриву ҳуқуқӣ

Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро маъқул донист. Зимни шарҳи қонуни мазкур роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар лоиҳаи қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби баргузор намудани ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёриву ҳуқуқии аз […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро маъқул донист.

Зимни шарҳи қонуни мазкур роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар лоиҳаи қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби баргузор намудани ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёриву ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ, президент ва парламент қабулгардида пешбинӣ шудааст.

«Лоиҳаи қонуни мазкур пеш аз ҳама барои дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷой надоштани воситаҳо барои роҳандозии фаъолияти коррупсионӣ пешниҳод гардида, барои баргузории ташхис кормандони Агентии зиддифасод, Вазорати адлия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносони вазорату идораҳо ҷалб карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Бо изҳори шубҳа ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки «ҳамасола дар кишвар даҳҳо ҳазор асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул мешаванд ва барои ташхиси онҳо ҳатто як артиши комили ҳуқуқшиносону коршиносон низ кофӣ нест».

Дар ин робита раиси палатаи поёнии парулмони кишвар Шукурҷон Зуҳров иброз дошт, ки на ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқӣ ба ташхиси зиддикоррупсионӣ ниёз доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.