Нияти тасҳеҳи Қонун «Дар бораи интихобот» аз ҷониби ҲНИТ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон»-ро, ки моҳи июли соли 1994 қабул шуда буд, таҳия ва ба палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони тасҳеҳот, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ иттилоъ […]

Аваз Юлдошев


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон»-ро, ки моҳи июли соли 1994 қабул шуда буд, таҳия ва ба палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони тасҳеҳот, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ иттилоъ дод, тағйироти таҳияшуда ба таъмини шаффофияти маъракаи интихоботи соли ояндаи президенти Тоҷикистон нигаронида шуда, таъмини иштироки баробари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии маҳалли фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро пешбинӣ мекунанд.

«Мувофиқи тағйирот, номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ бояд аз ҷониби ду фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи овоздиҳии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, номзадҳои аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбаришуда, ки дар интихоботи парлумонӣ ба дастрасии панҷ ё зиёда аз он фоизи овозҳо соҳиб шудаанд, бояд аз ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадӣ озод карда шаванд», – таъкид кард раиси ҲНИТ.

Ба қавли М.Кабирӣ, тибқи тағйирот, протоколҳои натиҷаҳои овоздиҳӣ бояд дар се нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовинони раис, котиб ва аъзои комиссияи интихоботӣ ба имзо расанд. «Як нусха аз он ба Комиссияи интихоботии ҳавзавии аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ таъиншуда фиристода шуда, нусхаи дигар дар ҷойи намоён барои шиносоии интихобкунандагон ва нозирон овехта шавад ва нусхаи сеюм то муҳлати муқарраршуда дар комиссияи интихоботии минтақавӣ нигоҳ дошта шавад», – иброз дошт вакил.

Муҳиддин Кабирӣ изҳори боварӣ намуд, ки вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз аҳзоби сиёсии дигар тағйироти аз ҷониби ҲНИТ пешниҳодшуда ба қонуни мазкурро дастгирӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.