Афзоиши ҳодисаҳои худкушии ноболиғон дар Суғд


Дар вилояти Суғд афзоиши ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани ноболиғон ташвишовар боқӣ мемонад.

Аз оғози сол шумори ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани кӯдакону наврасон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба 47 адад расида, ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 28 ҳодиса баробар будааст.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, танҳо ҳафтаи ахир 6 нафар сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки миёни онҳо як нафар ноболиғ низ ҳузур дорад. Мақомоти маҳаллии прокуратура ба таҳқиқи сабабҳои ба чунин амал даст задани сокинон машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 10 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 240 ҳодисаи худкушӣ, аз ҷумла 75 ҳолати кӯшиши содир намудани ин амал (ҳамин давраи соли 2011 – мутаносибан 203 ҳодиса ва 57 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.

«Миёни ин афрод 129 нафарашонро мардон, аз ҷумла 16 нафарро писарони ноболиғ ва 111 нафарашонро занон, аз ҷумла 31 нафар духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд», – гуфтанд дар Раёсати ВКД дар вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки 55 нафар бар асари бемориву 37 тан дар натиҷаи ҷанҷолҳои оилавӣ, 6 нафар бинобар сабаби вазъи душвори моддӣ ва 68 нафари дигар бо сабабҳои дигар даст ба худкушӣ задаанд. Сабаби бо ҳаёт ба ин тарз падруд гуфтани 78 нафар номаълум аст.

Мутобиқи ин омор, 166 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 42 тан ба воситаи заҳролудшавӣ, 6 нафар тариқи худро оташ задан, 12 тан бо истифода аз силоҳ, 11 нафар ба воситаи ғарқшавӣ ва 3 нафар бо роҳҳои гуногун худро ба ҳалокат расонидаанд.

Гуфта мешавад, барои то ба худкушӣ оварда расонидан нисбат ба 11 нафар (ҳамин давраи соли гузашта нисбат ба 15 нафар) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное