Тағйироти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии чанде аз вазорату идораҳо

Бо фармони президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти раҳбарии як қатор вазорату идораҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои  Ҳукумати кишвар Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Буриев Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, Муовини Вазири […]

ASIA-Plus


Бо фармони президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти раҳбарии як қатор вазорату идораҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои  Ҳукумати кишвар Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Буриев Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, Муовини Вазири адлия Абдуманон Холиқов Муовини якуми Вазири адлия ва Мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсаев Муовини вазири адлия таъин гардиданд.

Каримҷон Азизов Муовини якум ва Шоҳона Одинаева Муовини директори телевизиони Сафина таъин карда шуданд.

Муҳаммад Ғойиб, ки қаблан Директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд, Сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият таъин карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров барои интихоб ба вазифаи Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадии Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи талаботи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъин намудани сараудиторҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол гардид.

Ба ин вазифаҳо Сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуралӣ Мирзоев, Роҳбари Котибот дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қосим Муминов, Муовини сардори Раёсат-сардори шӯъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Файзалӣ Зарипов, Муовини Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Самиев ва Сардори Саридораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зикрихудо Самадов пешниҳод шуданд.

Сарвари давлат зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона бо дасту дили пок ва ниятҳои хайрхоҳона ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки манфиати давлату миллат ва ватани азиз бояд аз ҳама гуна манфиатҳои дигар боло гузошта шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.