Афзоиши ҳодисаҳои худкушии ноболиғон дар Суғд

Дар вилояти Суғд афзоиши ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани ноболиғон ташвишовар боқӣ мемонад. Аз оғози сол шумори ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани кӯдакону наврасон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба 47 адад расида, ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 28 ҳодиса баробар будааст. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, танҳо ҳафтаи ахир 6 нафар […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд афзоиши ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани ноболиғон ташвишовар боқӣ мемонад.

Аз оғози сол шумори ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани кӯдакону наврасон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба 47 адад расида, ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 28 ҳодиса баробар будааст.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, танҳо ҳафтаи ахир 6 нафар сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки миёни онҳо як нафар ноболиғ низ ҳузур дорад. Мақомоти маҳаллии прокуратура ба таҳқиқи сабабҳои ба чунин амал даст задани сокинон машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 10 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 240 ҳодисаи худкушӣ, аз ҷумла 75 ҳолати кӯшиши содир намудани ин амал (ҳамин давраи соли 2011 – мутаносибан 203 ҳодиса ва 57 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.

«Миёни ин афрод 129 нафарашонро мардон, аз ҷумла 16 нафарро писарони ноболиғ ва 111 нафарашонро занон, аз ҷумла 31 нафар духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд», – гуфтанд дар Раёсати ВКД дар вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки 55 нафар бар асари бемориву 37 тан дар натиҷаи ҷанҷолҳои оилавӣ, 6 нафар бинобар сабаби вазъи душвори моддӣ ва 68 нафари дигар бо сабабҳои дигар даст ба худкушӣ задаанд. Сабаби бо ҳаёт ба ин тарз падруд гуфтани 78 нафар номаълум аст.

Мутобиқи ин омор, 166 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 42 тан ба воситаи заҳролудшавӣ, 6 нафар тариқи худро оташ задан, 12 тан бо истифода аз силоҳ, 11 нафар ба воситаи ғарқшавӣ ва 3 нафар бо роҳҳои гуногун худро ба ҳалокат расонидаанд.

Гуфта мешавад, барои то ба худкушӣ оварда расонидан нисбат ба 11 нафар (ҳамин давраи соли гузашта нисбат ба 15 нафар) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад