Эҳсоси камбуди семент дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон камбуди семент ба мушоҳида мерасад. Бузургтарин корхонаи истеҳсолкунандаи ин масолеҳи сохтмон – «Тоҷиксемент» имрӯз бо камтар аз 20%-и иқтидори истеҳсолии худ фаъолият мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ҳаҷми камбуд тақрибан 600-700 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Феълан талаботи ҷумҳурӣ ба семент 1,5 млн. тонна аст. Дар вазорати […]

Заррина Эргашева


Дар Тоҷикистон камбуди семент ба мушоҳида мерасад. Бузургтарин корхонаи истеҳсолкунандаи ин масолеҳи сохтмон – «Тоҷиксемент» имрӯз бо камтар аз 20%-и иқтидори истеҳсолии худ фаъолият мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ҳаҷми камбуд тақрибан 600-700 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Феълан талаботи ҷумҳурӣ ба семент 1,5 млн. тонна аст.

Дар вазорати мазкур зикр карданд, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон ба иллати мушкилоти таъминот бо сӯзишворӣ ба қонеъ сохтани ин талабот қодир нестанд ва маҳз бо сабаби ҷой доштани мушкилот дар интиқоли гази табиӣ ва гарон будани он, «Тоҷиксемент» ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш додаст.

Ба ҷуз камбуди семент, болоравии қимати он низ ба мушоҳида расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қимати як тонна сементи истеҳсоли маҳаллӣ ба ҳисоби миёна ба миқдори 50 сомонӣ афзудааст ва имрӯз нархи он то ба 950 – 1 ҳазор сомонӣ мерасад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 70 млн. доллари ИМА беш аз 783 тонна семент ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 182 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Соли равон ба ҷумҳурӣ аз Покистон – 250 ҳазор, Афғонистон – 177 ҳазор, Қазоқистон – 113 ҳазор ва Эрон – 129 ҳазор тонна семент ворид карда шуд. Соли гузашта ҳиссаи асосии воридоти ин масолеҳи сохтмон ба Тоҷикистон ба Афғонистон (214,3 ҳазор тонна) мансуб буд», – гуфтанд дар Хадамоти гумрук.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ҳаҷми солонаи итеҳсоли семент дар Тоҷикистион аз 400 ҳазор тонна зиёд нест. Дар робита ба афзоиши ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар кишвар, ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2015 истеҳсоли семент дар дар Тоҷикистон то ба 2,5 млн. тонна расонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.