Таваҷҷуҳи раиси пойтахт ба андешаи сокинон оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳо

ASIA-Plus


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ- гурӯҳи кории фаъолони  сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа қабл аз ҳама дар иртибот ба фаъолияти Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ки муваззаф гардидааст то ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ба номи шахсиятҳои арзанда иваз намудани номҳои кӯчаву хиёбонҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ бо комиссияи дахлдори шаҳрдорӣ тибқи тартиби ҷойдошта бояд ба субот расонад, гузориши раиси Комиссия Абдулҳамид Самадов шунида шуд.

«Бо хулоса аз гузориши манзуршуда Маҳмадсаид Убайдуллоев  дастур дод, ки фаъолияти Комиссия тақвият дода шуда, моҳе як маротиба ҳисоботи Комиссия шунида шавад ва дар ин самт сокинони шаҳр дар радифи раисони ноҳияҳо нисбати тағйири номи кӯчаву хиёбонҳои ба  иваз намудан воқеан ниёздошта таклифҳояшонро унвонии комиссия пешниҳод намоянд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба сохтмони манзили зист дар пойтахт, истифодаи ҳадафноки қитъаҳои замини ҷудошуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо об, барориши саривақтии партовҳои маишӣ, дар ҳолати хуби санитариву экологӣ нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ низ баррасӣ шуданд.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...