ХБА Тоҷикистонро ба ташкили захоири моливу моддӣ даъват мекунад


Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки захираҳои моливу моддӣ ташкил намояд, то ки ба қадре бошад ҳам, иқтисоди кишварро аз хатарҳои имконпазири берунӣ эмин нигоҳ бидорад.

Коршиносони ХБА бар ин назаранд, ки бахши моливу иқтисодии ҷумҳурӣ бо бозорҳои глобалӣ ба таври кофӣ ҳамгиро нест, вале омилҳои зуҳури хатарҳои берунӣ имконпазиранд.

Ба андешаи роҳбари гурӯҳи ХБА оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн, яке аз чунин хатарҳо интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар мебошад. «Маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолгардида қисмати зиёди даромади миллиро ташкил медиҳанд ва ҳарчанд онҳо ҷузъи истеҳсолоти дохилӣ набошанд ҳам, як омили муҳим барои иқтисоди кишвар буда, метавонанд сарчашмаи имконпазири хатарӣ берунӣ бошанд», – гуфт ӯ.

Намояндаи ХБА зикр кард, ки агар рӯйдодҳои ахири Аврупо ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузоранд ё ба гунаи мисол қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба қадри қобили таваҷҷуҳ поин равад, рушди иқтисоди Русия заъиф гардида, он ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон низ боис мегардад.

Бино ба маълумоти Бонки марказзии Русия, соли 2011 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода буданд, ки тақрибан 46%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли гузаштаи ҷумҳуриро ташкил дод.

Дар нимсолаи аввали соли равон бо истифода аз низомҳои интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ғайрирасмӣ (воқеӣ) беш аз 1,4 млрд доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное