Оғози фаъолияти ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон

Date:


Соли 2013 ширкати маъруфи «Coca-Cola» ба истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз намуда, барои роҳандозии он дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлати  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи моҳи ноябр вохӯрии намояндагони ширкати Coca-Cola дар ҳайати президенти ширкат оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Ҳусейн М. Акин, директор оид ба стратегия ва рушди тиҷорат ҷаноби Мелтем Метин ва директори намояндагии Coca-Cola дар Тоҷикистон ҷаноби Мустафа Метен бо раиси кумита Давлаталӣ Саидов доир гардид.

«Сароғоз раиси Кумита намояндагони ширкатро дар сармзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Тоҷикистон ва бевосита ҳукумати мамлакат ҷиҳати ворид шудани ширкати Coca-Cola ба иқтисодиёти мамлакат ва сармоягузории он ҳавасманд мебошад», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ ҷаноби Ҳусейн М. Акин зикр кард, ки дар асл хеле навовариҳои зиёди мусбӣ дар ҷараёни рушди мамлакат ба назар мерасад ва алҳол фазои сармоягузории Тоҷикистон мусоид гашта, новобаста аз ин ислоҳотҳои навин босуръат татбтиқ мегарданд. «Ӯ зикр кард, ки то ҳол бозори Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Coca-Cola мавриди омўзиш ва таҳлил қарор гирифта буд ва айни замон, бевосита вақти он расидааст, ки ширкати Coca-Cola ба бозори Тоҷикистон ворид шавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин, дар ин замина Ҳусейн М. Акин қайд кард, ки ширкати Coca-Cola омодааст татбиқи лоиҳаи сармоягузориро оид ба истеҳсоли маҳсулоти худ дар Торҷикистон оғоз намуда, дар марҳилаҳои аввал ба андозаи 30 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ ворид гардонад, ки дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳанда 2 маротиба зиёд хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки бо ибрози тарафҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гузошташуда гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби намояндагони ширкати Coca-Cola дар Тоҷикистон ва намояндагони масъули Кумита таъсис дода шуд, ки кори худро шурӯъ намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...