Дар Изҳороти нави Созмони афви Байнулмилал (Amnesty International), ки рӯзи 23-юми ноябр интишор шуд, зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон фаъолияти Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қатъ намуданд, ки ин амал ангезаи сиёсӣ дорад.
Amnesty International бар ин назар аст, ки «Ампаро»-ро барои ҷамъоварӣ ва нашри маълумот дар бораи шиканҷаву дигар кирдори бераҳмона нисбати наваскарон ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ «гунаҳкор» донистаанд.
«Қатъи фаъолияти ин ташкилоти ҳомии ҳуқуқ бо баҳонаи «қонуншикании маъмурӣ» хусусияти аслии уҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба дастгирии озодии баён ва маҷлисҳоро зери шубҳа мегузорад», – гуфтааст муовини директори барномаи Amnesty International дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Давид Диаз-Жоде.
Созмони Афви байнулмила ҳамчунин аз расидани хабар дар бораи зери таҳдиди манъи фаъолият қарор доштани боз ду созмони ғайриҳукуматӣ дар вилояти Суғд – ТҒД «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «Аксент» низ изҳори нигаронӣ менамояд, ки ин ташкилотҳо низ ба қонуншикании маъмурӣ «муттаҳам» дониста мешаванд.
«Ба таъқиби ташкилотҳои ғайридавлатӣ хотима мебояд бахшид. Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд ба фаъолияти озодонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар ва бидуни таъқиб кафолат диҳанд», – зикр мегардад дар изҳорот.



