Сафари вазири корҳои хориҷӣ ба Бишкек

Date:


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек сафар кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вохӯрии мазкур пагоҳ дар бинои «Конгресс-холл»-и шаҳри Бишкек доир мегардад.

Рӯзномаи мулоқоти вазирон аз масоили таъмини амният, ҳамкории минтақавӣ, бахшҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захоири обӣ иборат аст. Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ табодули назар хоҳанд кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related