Демократҳои ВМКБ ҳам алайҳи Собиров муттаҳид шуданд


Шуъбаву бахшҳои вилоятии Ҳизби демократии Тоҷикистон аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст мекашанд.

Қаблан аз муттаҳидшавӣ бо фраксияи аз ҷониби Вазорати адлия сабтиномшуда таҳти сарварии Масъуд Собиров демократҳои вилояти Суғду Хатлон даст кашида буданд ва акнун ба онҳо демократҳои ВМКБ пайвастанд, ки қаблан Собировро пешвои худ эътироф мекарданд. Гузашта аз ин, намояндаи онҳо  Марод Мирасанов муовини Масъуд Собиров аст.

Дар иттилои нашршудаи демократҳои ВМКБ дар ин робита гуфта мешавад, дар тамоми муддати фаъолияти ҲДТ таҳти роҳбарии М.Собиров, ӯ ягон маротиба ба вазъи кор дар бахши мазкури ҳизб таваҷҷуҳ зоҳир накардааст.

«Мо дигар Собировро ҳамчун пешво эътироф накарда, баргузории анҷумани фавқулодаро талаб мекунем, – зикр мегардад дар изҳорот. – Моро ба ин амал овозаву рӯйдодҳои тайи шаш соли ахир атрофи ҳизб маҷбур сохтанд. Фаъолияти минбаъдаи ҳизб дар чунин шакл, яъне танҳо ба ном вуҷуд доштан, натанҳо ба арзишҳову рисолати ҳизб мувофиқ нест, балки он ба суботу амниятиТоҷикистон низ зиён оварда метавонад».

Дар иттилои нашршуда ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин робита роҳбарии ҳизб ба дӯши кумитаи тадорукот оид ба баргузории анҷумани фавқулодаи ҲДТ таҳти роҳбарии Мамлакат Ҷайчиева вогузор мегардад.

Ҳамзамон кумитаи тадорукот то замони баргузории анҷумани фавқулода роҳбарии умумии ҳизбро ба уҳда гирифта, кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки сарфи назар аз мавқеъгирӣ, муносибатҳо бо тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро барқарор созад.

spot_imgspot_img

Популярное