Чорабиниҳои USAID ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза алайҳи СПИД

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба воситаи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» бо ҳамкории шарикони маҳаллӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ – СПИД) ду чорабинии алоҳидаро дар шаҳри Душанбе ташкил намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Муколама […]

ASIA-Plus


Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба воситаи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» бо ҳамкории шарикони маҳаллӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ – СПИД) ду чорабинии алоҳидаро дар шаҳри Душанбе ташкил намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Муколама оиди ВНМБ (ВИЧ) ва бемории сил», Маркази ВНМБ-и шаҳри Душанбе ва якчанд созмонҳои ғайридавлатие, ки бо масъалаҳое ВНМБ сарукор доранд, дар Маркази шаҳрии саломатии рақами 10 чорабиниҳо доир намуданд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони маъмурияти тандурустии шаҳр суханронӣ намуданд, озмунҳои гуногун бвргузор шуда, саҳнача намоиш дода шуд. Кормандони соҳаи тиб оиди ВНМБ/АНМБ, бемории сил ва сироятҳои бо роҳҳои ҷинсӣ гузаранда маълумот ва машварат расониданд.

Муовини сардори Шӯъбаи тандурустии шаҳри Душанбе Мирзоб Шоисматуллоев зикр намуд, ки, «Кори глобалӣ оид ба ВНМБ/АНМБ метавонанд аз минтақаҳои хурд мисли марказҳои саломатии шаҳрии мо оғоз дода шавад. Фақат дар ҳамкории наздик бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мо метавонем сифати ҳизматрасонии тиббиро ба гурӯҳҳои зери хавф қарордошта беҳтар намоем».

5-6 декабри соли равон дар Толори маҷлисии шаҳри Душанбе Форуми минтақавии заноне, ки бо АНМБ умр ба сар мебаранд, ки аз ҷониби Шабакаи занони Тоҷикистон, ки бо АНМБ умр ба сар мебаранд ташкил карда шуд, баргузор мешавад. Ҳадафи форуми мазкур ба мансабдорони боломақом, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ расонидани маълумот оид ба масъалаҳои гендерии марбути ВНМБ дар Осиёи Марказӣ бо мақсади тақвияти тадбирҳои ҷавобии минтақавӣ ба эпидемия мебошад.

Шурӯъ аз соли 1988, 1 декабр Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи аломати норасоии масунияти бадан баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оиди мубориза алайҳи ВНМБ/АНМБ ва пуштибонӣ аз ашхосе, ки бо ВНМБ/АНМБ ба сар мебаранд, қайд карда мешавад. Тибқи гузориши Эпидемияи глобалии АНМБ Барномаи СММ оид ба ВНМБ/АНМБ, Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар он сироятшавӣ бо ВНМБ дар 10 соли охир ба зиёда аз 25% афзуд. Шумораи ҳолатҳои нави бо ВНМБ сироятшавии соли 2011 ба қайд гирифташуда нисбат ба соли 2006 ду баробар афзуд.

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони халқи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ мебошад. Аз соли 1992 мардуми Амрико таҳминан 1 миллиард долларро ба барномаҳо ва кӯмаки башардӯстонае масраф кардааст, ки рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ва болоравии иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.