Боздошти дубораи тафтиши парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев

Прокуратураи вилояти Суғд бори навбатӣ дар бораи боздошти тафтиши парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев иттилоъ дод, ки эҳтимол меравад, 19-уми феврали соли 2010 бар асари истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида бошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои ҷониби ҷабрдида Сергей Романов хабар дод, ин дафъа ҳам «бемории гумонбаршудагон» […]

Наргис Ҳамробоева


Прокуратураи вилояти Суғд бори навбатӣ дар бораи боздошти тафтиши парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев иттилоъ дод, ки эҳтимол меравад, 19-уми феврали соли 2010 бар асари истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида бошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои ҷониби ҷабрдида Сергей Романов хабар дод, ин дафъа ҳам «бемории гумонбаршудагон» сабаб унвон шудааст, вале ба кадом беморӣ гирифтор дудани онҳо на ба ҷабрдидагон маълум асту на ба адвокатҳои онҳо.

«Прокуратураи вилоят Ҷӯрабой Бобоев, падари маҳбуси ҳалокшударо дар бораи бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон мутаваққиф сохтани тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур аз 30-юми октябр огоҳ намуд», – гуфт Романов.

Ҳимоятгар аз болои ин қарор ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурданист, зеро бар ин назар аст, ки боздошти тафтиши парванда ғайриқонунӣ сурат гирифта, мақоми ин афрод на айбдоршаванда, балки гумонбаршудагон буда, мутобиқи қонун боздошти тафтиши парванда танҳо нисбати айбдоршавандагон амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикояти инфиродӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев – падари шаҳрванди Тоҷикистон Исмонбой Бобоевро барои баррасӣ ба қайд гирифта, онро барои пешниҳоди шарҳу тавзеҳ ба ҳукуматдорони кишвар ирсол намуд. Шикоят бо мусоидати Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон пешниҳод гардид.

Исмон Бобоев рӯзи 19-уми феврали сои 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт гардида, пас аз интиқол ба бинои раёсати мазкур ҳангоми бозпурсӣ ба ҳалокат расид. Ба эътиқоди хешовандону наздикони И.Бобоев, ӯ ба асари истифодаи шиканҷа ва методҳои ғайриқонунии бозпурсӣ фавтидааст. Ташхиси такрорӣ низ нишон дод, ки Бобоев дар натиҷаи ҷароҳат аз барқ ба ҳалокат расидааст.

Санаи 25-уми марти соли 2010 дар прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба кормандони раёсат Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров мутобиқи моддаҳои 104, қ. 1 (Одамкушӣ), 247 (Қаллобӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ) ва 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Дар таърихи 25-уми июни соли 2010 бошад, бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи ҷиноии мазкур боздошта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.