Низоми нави бақайдгирӣ дар фурудгоҳи Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, қарор шудааст, ки низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавӣ комилан нав карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ин робита дар толорҳои хизматрасонии фурудгоҳ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTEULTRADCS)–ро насб карда шуд. «Платформаи мазкур ва  нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкоридошта имконият медиҳад, ки мусофирони худро тариқи низоми автоматии  хеш ба қайд гиранд», – иброз дошт вай.

Ба қавли М.Шодиев, барои идора намудани системаи нави бақайдгирӣ, ки ҳамакнун насбсозии он ба анҷом расидааст, мутахассисоне заруранд, ки тамомии дастгоҳҳоро идора намуда тавонанд.

«Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати Рапискан муҳандиси коршинос ҷаноби Бену Бинепал даъват шуд ва раванди омӯзиш шурӯъ гардидааст. Алъон панҷ нафар кормандони Хадамоти истифодаи таъминоти радиотехникии алоқа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд», – зикр кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҷаноби Бинепал 63 сола буда, 37 сол таҷрубаи корӣ дорад. Тахассуси муҳандисиро дар Лондон азбар карда, дар 50 кишвари ҷаҳон корбарии системаи мазкурро омӯзонидааст. Дар кишварҳои Туркия,  Сурия, Либия, Қувайт, Дубай, Россия, Мексика ва минтақаи аврупоию ҳинду индонезӣ кор кардааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...