Ирсоли қонун «Дар бораи шартномаҳои давлатӣ» ба таҳияи дубора

Аваз Юлдошев


Тағйироти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои давлатӣ» бо пешниҳоди як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар мавриди интиқоди шадиди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қарор гирифт.

Дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумон узви Маҷлиси миллӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров дар ин робита изҳор кард, ки дар тағйироти ба қонуни мазкур воридшуда меъёри ягонаи истилоҳоти қонунофарӣ риоя нашуда, ғайр аз ин, тағйироти қабулшуда ба талаботи таҳияи қонун ҷавобгӯ нестанд.

«Вакилони палатаи поёнии парлумон як қатор калимаҳо дар матни қонунро иваз намуда, ба таҳрифи моҳияти он роҳ додаанд ва дар ҳамин ҳол, меъёрҳои забони тоҷикӣ низ ба инобат гирифта нашудаанд», – ишора карда ӯ ба камбудиҳо.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз бо пешниҳоди сарвари давлат судяи Суди олии кишвар Насимҷон Эҳсонов «бинобар вазъи солимӣ» аз мансаб бозхонда шуд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди ссарвари давлат муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шаҳобиддин Зоиров судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон таъин шуд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...