Коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Заррина Эргашева


Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 329 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 ҳазор тонна камтар мебошад. Арзиши умумии бензини воридгардида дар ин давра 371,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳуқумати ҶТ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии ба кишвар воридгардида, ҳиссаи Русия – 62,3%, Туркманистон – 18,5% ва Қир- 10,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 141,4 ҳазор тоннаашро бензин, 112,9 ҳазор тоннаро – сӯзишвории дизелӣ, 49,4 ҳазор тоннашро авиакеросин ва дигар маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳанд. Нархи миёнаи як тонна бензин дар соли ҷорӣ 1 ҳазору 121$, сӯзишвории дизелӣ – 1 ҳазору 84 $ ва авиакеросин – 1 ҳазору 347 $-ро ташкил дод.

Дар робита ба масъалаи бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия дар Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ изҳор карданд, ки ин масъала ҳоло ҳал нагардида, муҳлати имзои созишнома низ маълум нест.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...