Афзоиши ҳаҷми маблағгузории ҳукумат ба АНМН

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар доираи амалисозии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи байнулмилалии корӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа директори Агентӣ, ҳамоҳангсозони барномавӣ ва лоиҳавии Раёсати зикршудаи СММ, кормандони масъули сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳбарони хадамоти Агентӣ ширкат варзиданд.

«Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои тадбирҳои марбут ба пардохти бурсҳо ба Агентӣ дар моҳҳои июл-декабри соли 2012 баррасӣ шуда, нақшаи маблағгузории лоиҳаи мазкур барои давраи моҳҳои январ-июни соли 2013 таҳия гардид. Дар ин робита иштирокдорони ҷаласа зикр карданд, ки дар масоили назорати маводи мухаддир аз ҷониби Агентӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, ҳамкориҳо дар сатҳи милливу байнулмилалӣ таҳким меёбанд», – гуфтанд дар АНМН.

Бино ба маълумоти Агентӣ, истифодаи ҳадафнок ва оқилонаи воситаҳои пулии ҳам аз буҷети давлатӣ ва ҳам мададрасонони лоиҳа барои рушди АНМН ҷудошуда яке аз вазифаҳои Гурӯҳи байнулмилалии корӣ ба шумор меравад.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби Гурӯҳи байнулмилалии корӣ афзоиши ҳаҷми маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ ба АНМН мусбат арзёбӣ шуд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...