Журналист: Хадамот сабти видеоии маросими дафни Домулло Муҳаммадиро гирифтанд

То ҳанӯз кормандони шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Қумсангир сабти видеоии маросими дафни рӯҳонии маъруф Домулло Муҳаммадии Қумсангириро ба журналисти ҷавон Далер Шарифов барнагардонидаанд. Ахиран Далер Шарифов дар бораи ин рӯҳонӣ мавод омода мекард. Дар маросими дафн низ ӯ сабти видеоӣ кард, ки онро дар маводи худ минбаъд истифода карданӣ буд, вале пас аз анҷоми маросими […]

Меҳрангез Турсунзода


То ҳанӯз кормандони шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Қумсангир сабти видеоии маросими дафни рӯҳонии маъруф Домулло Муҳаммадии Қумсангириро ба журналисти ҷавон Далер Шарифов барнагардонидаанд.

Ахиран Далер Шарифов дар бораи ин рӯҳонӣ мавод омода мекард. Дар маросими дафн низ ӯ сабти видеоӣ кард, ки онро дар маводи худ минбаъд истифода карданӣ буд, вале пас аз анҷоми маросими дафн кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳия ӯро муддати як соат бозпурсӣ карда, сабти видеоиашро гирифтаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» журналист изҳор кард, ки ба ӯ баргардонидани сабти видеоӣ пас аз тамошои онро ваъда кардаанд, аммо аз он рӯз аллакай як моҳ сипарӣ мешавад.

«Қисмати зарурии сабти видеоӣ барои маводро аз наворбардорони дигар дастрас кардем, вале ман то ҳол ҳайронам, ки чаро аз миёни издиҳоми ҳазорнафара танҳо маро барои бозпурсӣ даъвт карданд, зеро ба ҷуз ман маросими дафнро боз 6 нафар наворбардорони касбӣ ва беш аз 100 нафар дар телефонҳои ҳамроҳашон низ сабт намуданд», – мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки маросими дафнии Домулло Муҳаммади Қумсангирӣ санаи 22-юми ноябр баргузор шуд. Ӯ дар кори истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ дар Тоҷикистон саҳми беандоза дорад.

Далер Шарифов собиқ корманди шабакаи телевиизионии «Сафина» ва пешвои ташкилоти ҷамъиятии сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» мебошад. Ӯ ба тамошобинон бо барномаҳои мубоҳисавии «Муошират» ва «Қатрае аз баҳр» шинос аст. Моҳи майи соли равон Шарифов аз ҷониби афроди номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Ин афрод то ҳол муайян карда нашудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.