Афзоиши ҳаҷми маблағгузории ҳукумат ба АНМН

Чанде қабл дар доираи амалисозии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи байнулмилалии корӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа директори Агентӣ, ҳамоҳангсозони барномавӣ ва лоиҳавии Раёсати зикршудаи СММ, кормандони масъули сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар доираи амалисозии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи байнулмилалии корӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа директори Агентӣ, ҳамоҳангсозони барномавӣ ва лоиҳавии Раёсати зикршудаи СММ, кормандони масъули сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳбарони хадамоти Агентӣ ширкат варзиданд.

«Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои тадбирҳои марбут ба пардохти бурсҳо ба Агентӣ дар моҳҳои июл-декабри соли 2012 баррасӣ шуда, нақшаи маблағгузории лоиҳаи мазкур барои давраи моҳҳои январ-июни соли 2013 таҳия гардид. Дар ин робита иштирокдорони ҷаласа зикр карданд, ки дар масоили назорати маводи мухаддир аз ҷониби Агентӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, ҳамкориҳо дар сатҳи милливу байнулмилалӣ таҳким меёбанд», – гуфтанд дар АНМН.

Бино ба маълумоти Агентӣ, истифодаи ҳадафнок ва оқилонаи воситаҳои пулии ҳам аз буҷети давлатӣ ва ҳам мададрасонони лоиҳа барои рушди АНМН ҷудошуда яке аз вазифаҳои Гурӯҳи байнулмилалии корӣ ба шумор меравад.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби Гурӯҳи байнулмилалии корӣ афзоиши ҳаҷми маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ ба АНМН мусбат арзёбӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.