Беш аз 100 тоҷик дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав

ASIA-Plus


Беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии №1-и Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав қарор доранд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, чанде қабл корманди хадамот Азиз Халилов аз маркази мазкур боздид намуда, дар мулоқот бо муовини сардори марказ Алексей Смиронв маълум шудааст, ки айни замон дар инҷо 111 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, аксари онҳо барои нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош дар ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

«Корманди хадамот бо шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот орост. Онҳо бо хӯроки севақта дар як рӯз ва ҳаммом дар як ҳафта ду маротиба таъмин мебошанд», – гуфтанд дар намояндагии хадамот.

Гуфта мешавад, А.Смирнов ҷиҳати мусоидат ба ҳарчӣ зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ваъда додааст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...