Вазири молия: Дар пардохти қарзи хориҷӣ мушкилие надорем

Заррина Эргашева


Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. $ ё худ 33% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи ниҳоии таносуби он ба 40% баробар аст.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов имрӯз дар ин бора хабар дода, изҳор намуд, ки тамоми қарзҳои хориҷии кишвар ба Стратегияи идоракунии қарзи хориҷии ҳукумат мутобиқат мекунанд.

«Имрӯз дар пардохти қарзи хориҷӣ мо ҳеҷ мушкилие надорем. Агар дар хотир дошта бошед, соли 2000 қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД 130%-ро ташкил медод. Имрӯз тамоми ҷадвалу тарҳҳои бо қарздиҳандагон мувофиқашуда риоя мешаванд», – гуфт вай.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷалби қарзҳои тиҷоратӣ даст кашида, танҳо ба ҷалби қарзҳои имтиёзнок машғул аст ва аксари лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ дар асоси бурсҳо амалӣ мегарданд.

«Дар масъалаи ҷалби қарзҳо ҳукумати Тоҷикистон асосан ҳамчун кафил ҳузур дорад, то ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ баҳри ҷалби қарз барои рушди кишвар шароит фароҳам оварад. Дар сурати ба таъхир афтодани иҷрои уҳдадориҳо оид ба қарз, онро Вазорати молия пардохт мекунад, вале субъектҳои хоҷагидор қарздорони фаръӣ маҳсуб ёфта, натанҳо дар назди қарздиҳандагон, балки назди Вазорати молия низ уҳдадорӣ мегиранд», – шарҳ дод ӯ.

Ба иттилои вазир, дар буҷети соли 2013 барои пардохти қарзи хориҷӣ 630 млн. сомонӣ (132,2 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 124 млн. $ ва ахири соли 2010 – 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон то ҳанӯз Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарз 862 млн. $ ба ин кишвар рост меояд.

Ба таркиби қарзи хориҷии кишвар натанҳо қарзҳои бевоситаи давлат дохил мешаванд, балки қисмати назарраси онро қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидории кишвар низ ташкил медиҳанд, ки қарзҳоро таҳти кафолати давлатӣ ҷалб кардаанд.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...