Журналист: Хадамот сабти видеоии маросими дафни Домулло Муҳаммадиро гирифтанд

Меҳрангез Турсунзода


То ҳанӯз кормандони шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Қумсангир сабти видеоии маросими дафни рӯҳонии маъруф Домулло Муҳаммадии Қумсангириро ба журналисти ҷавон Далер Шарифов барнагардонидаанд.

Ахиран Далер Шарифов дар бораи ин рӯҳонӣ мавод омода мекард. Дар маросими дафн низ ӯ сабти видеоӣ кард, ки онро дар маводи худ минбаъд истифода карданӣ буд, вале пас аз анҷоми маросими дафн кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳия ӯро муддати як соат бозпурсӣ карда, сабти видеоиашро гирифтаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» журналист изҳор кард, ки ба ӯ баргардонидани сабти видеоӣ пас аз тамошои онро ваъда кардаанд, аммо аз он рӯз аллакай як моҳ сипарӣ мешавад.

«Қисмати зарурии сабти видеоӣ барои маводро аз наворбардорони дигар дастрас кардем, вале ман то ҳол ҳайронам, ки чаро аз миёни издиҳоми ҳазорнафара танҳо маро барои бозпурсӣ даъвт карданд, зеро ба ҷуз ман маросими дафнро боз 6 нафар наворбардорони касбӣ ва беш аз 100 нафар дар телефонҳои ҳамроҳашон низ сабт намуданд», – мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки маросими дафнии Домулло Муҳаммади Қумсангирӣ санаи 22-юми ноябр баргузор шуд. Ӯ дар кори истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ дар Тоҷикистон саҳми беандоза дорад.

Далер Шарифов собиқ корманди шабакаи телевиизионии «Сафина» ва пешвои ташкилоти ҷамъиятии сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» мебошад. Ӯ ба тамошобинон бо барномаҳои мубоҳисавии «Муошират» ва «Қатрае аз баҳр» шинос аст. Моҳи майи соли равон Шарифов аз ҷониби афроди номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Ин афрод то ҳол муайян карда нашудаанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...