«Барқи тоҷик»: Маркази пойтахт бо гармӣ таъмин аст

Date:


Аз ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба иттилои қаблан пахшшуда дар бораи

ахири сол оғоз шудани

интиқоли гармиву оби гарм ба корхонаву муассисаҳо ва аҳолии пойтахт хабар доданд, ки Маркази барқу гармидиҳии Душанбе интиқоли онро аз 12-уми ноябр шурӯъ кардааст.

Ба қавли сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ, айни замон оби гарм ва гармӣ ба хонаҳо танҳо аз дегхонаи шарқӣ интиқол дода шуда, маркази маъмурии пойтахт ва ноҳияву манотиқи ба ин шоҳроҳи лӯла пайваст бо он таъминанд.

Ба гуфтаи вай, дегхонаи ғарбӣ ахири соли равон, тахминан 25-уми декабр ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Айни замон Маркази барқу гармидиҳӣ ҳамарӯза 30 МВТ нерӯи барқ ва 204 тонна буғ истеҳсол мекунад. Бо оғози фаъолияти дегхонаҳои ғарбӣ ширкат ба кадом ноҳияву манотиқ интиқол додани оби гарму гармиро хабар хоҳад дод», – афзуд Ёдгорӣ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...