Манзили дуҳуҷрагии ҳукумати Суғд ба Ҷӯрабек Муродов

Ба муносибати ҷашни 70-солагии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ҳунарманд калиди манзили дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Хуҷандро инъом кард. Чанде қабл ба ин муносибат дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода соҳибҷашн, Ҷӯрабек Муродовро бо ҷашни милод ва […]

Мавлуда Рафиева


Ба муносибати ҷашни 70-солагии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ҳунарманд калиди манзили дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Хуҷандро инъом кард.

Чанде қабл ба ин муносибат дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода соҳибҷашн, Ҷӯрабек Муродовро бо ҷашни милод ва панҷоҳсолагии фаъолияти эҷодиаш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан худаш табрику таҳният гуфта, ба ӯ тансиҳативу хотирҷамъӣ ва барори эҷоду сарбаландӣ таманно кард. Раиси вилоят дар хусуси саҳми Ҷӯрабек Муродов дар тарғиби санъати тоҷик сухан ронда, ишонро ҳофизи миллии халқи тоҷик номид.

Ёдрас мекунем, ки аз Маскав Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон, сароянда ва оҳангсоз Юрий Антонов, Ҳунарпешаи халқии Русия Александр Серов ва ҳамчунин сароянда ва оҳангсози саршиноси озарбойҷонӣ Пӯлод Бюл-Бюл оғлӣ ба табрики ҳунарманди маъруфи тоҷик омаданд.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли  1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Овозхон, мутриб ва  оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ (1979). Соли 1962 Институти давлатии  омўзгории шаҳри  Ленинобод (Хуҷанди имрўза)-ро хатм кардааст. Аз соли 1963  солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Ҷӯрабек Муродов ҳунари мутрибӣ ва  овозхониро дар овони хурдсолӣ аз  волидайн  ва бародараш, баъдтар аз мероси ғании овозхонҳои машҳури кишвар Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст. Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки ҳам дар сабки мусиқии классикӣ, ҳам сурудҳои мардумӣ ва инчунин таронаҳои муосир қуввасанҷӣ намуда комёб ҳам шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.