Қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила дар баррасии парлумон

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба вакилон баррасии се лоиҳаи нави қонунҳо пешниҳод шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, намояндагони мардуми лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби гурӯҳи вакилон таҳияшуда «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба вакилон баррасии се лоиҳаи нави қонунҳо пешниҳод шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, намояндагони мардуми лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби гурӯҳи вакилон таҳияшуда «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз вакилон ҳамчунин тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсия» ва Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»-ро низ муҳокима мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ, ки яке аз муаллифони қонун  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аст, ин қонун бо назардошти ҷараёни амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши рафъи зуҳуроти зӯроварӣ дар оила таҳия шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.