Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СААД

Имрӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қабл аз ҳамоиши сарони кишварҳои узви созмон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қабл аз ҳамоиши сарони кишварҳои узви созмон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои узви СААД доир мегардад, ки дар онҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳузур хоҳад дошт.

Зимни ҷаласаи муштарак Рӯзномаи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки ҳамин рӯз дар Кремл баргузор мешавад, инчунин лоиҳаи санадҳо оид ба таҳким ва рушди бахши низомии ҳамкориҳо то соли 2020, оид ба рушди низоми вокуниши дастаҷамъона дар ҳолатҳои фавқулодда, дар бораи пешбинии рушди вазъият дар Афғонистон то соли 2015 ва чораҳо ҷиҳати мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои аз ин самт бароянда мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Иштирокдорони мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ аз ҷониби сарони давлатҳои узви СААД, дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар марҳилаи раисии Ҷумҳурии Қирғизистон дар созмон ва дигар масъалаҳои ташкилию тадорукотиро муҳокима менамоянд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия, яке аз масоили мавриди баррасии нишаст мутаваққиф сохтани узвияти Ӯзбекистон ба СААД аст. Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷиҳати гуфтушунид бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов озими Тошканд шуд. Коршиносн бар ин назаранд, ки ӯ ба Каримов «тарҳи аҷиби ҳамкорӣ»-ро пешниҳод хоҳад намуд, ки ба консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия ҷавобгӯ буда, ба тақвияти ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравӣ нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.