Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози пешгирии нашъамандӣ дар Хуҷанд

Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандии вилояти Суғд доир гардид, ки дар он аз ҷараёни амалисозии Барномаи давлатии ягонаи ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ дар ҶТ барои солҳои 2008-2012 натиҷагирӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандии вилояти Суғд доир гардид, ки дар он аз ҷараёни амалисозии Барномаи давлатии ягонаи ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ дар ҶТ барои солҳои 2008-2012 натиҷагирӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз, раисони шӯрои ҳамоҳангсози барнома дар шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини директори АНМН Бунафша Одинаева муҳимияти натоиҷи барномаро таъкид сохта, изҳор намуд, ки минбаъд дар доираи таҳияи барномаҳои давлатии алайҳи нашъамандӣ лоиҳаи Стратегияи ҶТ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2013-2020 пешниҳод шудааст.

Сардори Раёсати АНМН дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Маҳмудов зикр кард, ки дар давоми амалисозии барнома барои солҳои 2008-2012 дар вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 3 тоннаву 485 кило маводи мухаддир мусодира гардида, зиёда аз 1 ҳазор нафар ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шудаанд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов иброз дошт, ки сарфи назар аз баъзе камбуду норасоиҳо дар ҷараёни амалисозии барнома, дар маҷмӯъ натиҷаҳоро метавон қаноатбахш арзёбӣ намуд ва таҷрибаи дар ин давра андӯхтаро мебояд дар барномаҳои минбаъдаи давлатии зидди нашъамандӣ истифода кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.