Тақдими беш аз 430 нусха китоб ба Китобхонаи миллӣ

Date:


Имрӯз Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 437 нусха китобҳои гуногунро ба маблағи умумии беш аз 37 ҳазор сомонӣ сомонӣ туҳфа кард.

Тавре аз Шуъбаи ташкилоти мазкур хабар доданд, дар миёни китобҳои туҳфашуда асарҳои адибони машҳури ҷаҳон ба мисли Э. Хеменгуэй – «Алвидоъ силоҳ», «Колоннаи панҷум», «Мӯйсафед ва баҳр», Ҷек Лондон – «Мартин Иден», Л. Н. Толстой – «Ҷанг ва сулҳ», Теодор Драйзер – «Фоҷиаи америкоӣ», Вилям Шекспир «Фоҷиаҳо», М. Горкий – «Модар», М. А. Шолохов – «Дони ором», С. Айнӣ – «Ғуломон» ҳастанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба Китобхонаи миллӣ китобҳо оид ба санъат, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон туҳфа карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки китобҳои мазкур аз маҷмӯаи ашхоси алоҳида харидорӣ шудаанд ва дар ҳолати хуб қарор доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related