Душанбе: Лату кӯби то марг барои қарздорӣ

Date:


Чанде қабл дар канори шаҳри Душанбе як ҳодисаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст. Як мард дар ҳолати мастӣ шахси ба ӯ қарздорро то ба марг расидан лату кӯб кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ-2 ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини шаҳри Ваҳдат Сангалӣ Шарифови 29-соларо боздошт намудаанд.

«Ӯ дар ҳолати мастӣ сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҷонмаҳмад Каримовро, ки аз ӯ 2 ҳазору 500 доллари ИМА қарздор будааст, ба вохӯрӣ даъват намуда, ӯро лату кӯб ва сипас сарашро ба занг задаст», – зикр мегардад дар хабари ВКД.

Ба иттилои манбаъ, Ҷ.Каримов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...