Чанде қабл дар шаҳри Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири фарҳанг ва сайёҳии ин кишвар Иброҳим Жунусов барпо шуд.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ, таҳкими табодули таҷрибаи эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва тавсеаи ҳарчи бештари робитаҳои аҳли фарҳангу ҳунари кишварҳо, аз ҷумла дар манотиқи наздимарзӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо (14-уми январи соли 2013), масъалаҳои такмили минбаъдаи заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ табодули назар намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки Иброҳим Жунусов манфиатдории Қирғизистон дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Тоҷикистонро таъкид намудааст.


