Густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар шаҳри Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири фарҳанг ва сайёҳии ин кишвар Иброҳим Жунусов барпо шуд. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ, таҳкими табодули таҷрибаи эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва тавсеаи ҳарчи бештари робитаҳои аҳли фарҳангу ҳунари кишварҳо, […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар шаҳри Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири фарҳанг ва сайёҳии ин кишвар Иброҳим Жунусов барпо шуд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ, таҳкими табодули таҷрибаи эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва тавсеаи ҳарчи бештари робитаҳои аҳли фарҳангу ҳунари кишварҳо, аз ҷумла дар манотиқи наздимарзӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо (14-уми январи соли 2013), масъалаҳои такмили минбаъдаи заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ табодули назар намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки Иброҳим Жунусов манфиатдории Қирғизистон дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Тоҷикистонро таъкид намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.