Намоишгоҳи аксҳо бахшида ба Соли варзишу тарзи ҳаёти солим

Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар паҳнои ИДМ намоишгоҳи аксҳо баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 100 адад аксҳои варзишгарони Тоҷикистону Русия ва лаҳзаҳои хоирмони ҳаёти варзишӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. […]

Маҳпорпа Киромова


Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар паҳнои ИДМ намоишгоҳи аксҳо баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 100 адад аксҳои варзишгарони Тоҷикистону Русия ва лаҳзаҳои хоирмони ҳаёти варзишӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

«Дар кори намоишгоҳ аз иштироки роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов ва 50 нафар варзишгарони маъруфи Тоҷикистон, аз ҷумла Расул Боқиев, Мавзуна Чориева ва Дилшод Назаров интизорӣ меравад», – гуфтанд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва таҷассум намудани муҳимияти роҳандозии тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии намоишгоҳ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.