Эҳтимоли дастрасии осебдидагони сӯхтори «Корвон» ба 6,5 ҳазор $ маблағи суғурта

КВД «Тоҷиксуғурта» изҳор кард, ки дар сурати суғуртаи фурӯшгоҳҳо ва маҳсулот, ба ҳар кадоме аз осебдидагони сӯхтори бозори «Корвон» 31 ҳазору 654 сомонӣ (6,5 ҳазор доллари ИМА) маблағи суғурта пардохт мегардид. Муовини раиси КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар ин робита зикр кард, ки аз тамоми соҳибкорони бозори «Корвон» танҳо 126 нафарашон фурӯшгоҳҳои худро суғурта карда, […]

Меҳрангез Турсунзода


КВД «Тоҷиксуғурта» изҳор кард, ки дар сурати суғуртаи фурӯшгоҳҳо ва маҳсулот, ба ҳар кадоме аз осебдидагони сӯхтори бозори «Корвон» 31 ҳазору 654 сомонӣ (6,5 ҳазор доллари ИМА) маблағи суғурта пардохт мегардид.

Муовини раиси КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар ин робита зикр кард, ки аз тамоми соҳибкорони бозори «Корвон» танҳо 126 нафарашон фурӯшгоҳҳои худро суғурта карда, аз сӯхтор ҳеҷ кадоме аз онҳо зарар надидаанд.

Ба қавли Абдуллоев, кормандони ин муассиса мунтазам соҳибкоронро дар бораи муҳим будани суғуртаи амвол огоҳ мекунанд, вале соҳибкорон аз ҳамкорӣ рӯ метобанд. «Ҳатто миёни 126 нафари зикршуда, ки амволашонро суғурта кардаанд, аксариятро шаҳрвандони Чину Афғонистон ташкил медиҳанд ва ҳамагӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи директори филиали «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Шаримф Каримов, ҳаҷми маблағи солонаи суғуртаи нуқтаи фурӯш 830 сомониро ташкил медиҳад. «Агар онҳо саривақт аз сӯхтор суғурта медоштанд, аллакай маблағи онро мегирифтанд», – таъкид кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, он майдони беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари сӯхтор 1 нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташ 2 ҳазору 550 фурӯшгоҳҳоро нобуд сохта, ба соҳибкорон зарари ниҳоят зиёди моддӣ расонид.

Рӯзи дигари пас аз сӯхтор ҳазорон тоҷирони бозор ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Онҳо пайдо намудани гунаҳкорони сӯхторро талаб намуда, бар ин назар буданд, ки бозор қасдан оташ зада шудааст. Издиҳомро раиси пойтахт ором намуда, ваъда дод, ки бозор дар як моҳ барқарор гардида, муҳлати қарзҳои тоҷирон дар бонкҳо дароз карда мешавад.

Қаблан соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор карда буд, ки барои кӯмаку мусоидат ба муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва афроди дар ин амал дастдошта 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардаст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.