Даъвати Э.Раҳмон оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии Афғонистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарваридавлат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарваридавлат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ дар минтақаи масъулияти СААД зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни андешаронӣ ба авзои Афғонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд бо сохторҳои марбутаи худи Афғонистон ҳамкории босамар ба роҳ монанд ва ба тақвияти онҳо мусоидат намоянд”.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳо барои сохторҳои қудратии Афғонистон ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва зербинои нақлиётию энергетикии он ибратбахш номида шуд.

Сарони давлатҳои аъзои созмон ба дастгирии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, асосан бо роҳи кумаки имтиёзии ҳарбӣ-техникӣ ба нерӯҳои марзбонӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.